Home page News
Паёми Усқуфи аъзами (Патриархи) Маскав ва тамоми Р…

Паёми Усқуфи аъзами (Патриархи) Маскав ва тамоми Рус Кирилл ба муносибати иди Фасҳ (Писҳо) ба кашишҳои олимартаба, кашишҳо, роҳибон ва тамоми фарзандони рӯҳонии Калисои Православии Рус

Бародарони гиромиқадр кашишҳои олимартаба, падарон-пресвитерҳои шарофатманд, диаконҳои худодӯст, роҳибон ва роҳибаҳои порсо ва парҳезгор, бародарон ва хоҳарон!

Дар иди нек ва наҷотбахши олам - Растохези Парвардигор басо хушнудам, ки шуморо бо суханони илҳомбахш ва ҳамеша бузурги пайки иди Фасҳ (Писҳо) аз самими қалб табрик намоям:

МАСЕҲ ЭҲЁ ШУД!

Дар ин шаби дурахшон вуҷуди моро шодмонии рӯҳбахши куллӣ фаро мегирад, зеро рӯйдоде, ки чандин аср пеш дар наздикии Байтулмуқаддаси бостонӣ рух дода буд, ба ҳар кадоми мо мустақиман рабт дорад. Зиёда аз ин, Растохези Масеҳ дорои аҳамияти воқеии ҷаҳонӣ мебошад, зеро Наҷотдиҳанда тавассути он имкони ба даст овардани тавҳиди файзбор бо Худовандро барои ҳар касе фароҳам овард, ки ба ин даъвати Ӯ посух додаст: «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред» (Мт. 25, 34).

Аз ин рӯ мо ҳоло ҳамроҳ бо Ҳазрати Юҳаннои Нотиқ хитоб мекунем: «Хеҷ кас набояд аз аҷзи худ бинолад, зеро Малакути барои ҳамагон фаро расид!» Мо Растохези дурахшони Масеҳро ҷашн гирифта, дар бораи ҳаққонияти ин суханон гувоҳӣ медиҳем, зеро ҳар инсон, ҳатто аз гунаҳгортарин касон, ки бо хуни Масеҳ ғусл кардааст, ба наҷот умед мебандад. Барои гуноҳҳои мо, ҳамчунон барои тамоми гуноҳҳои банӣ башар, хуни гаронқадри Маслуб қимматгузорӣ шудааст. То ки самараи Кафоратро дарк кунем, бояд имон овард ва таъмид ёфт (ниг. Мар. 16, 16). Аксари мардуми мо таъмид ёфтаанд, аммо чӣ қадр каманд касоне, ки дорои эътиқоде ҳастанд, ки барои тағйири ҳаёт қодир бошад.

Таҳаввули ҳаёт дар Масеҳ танҳо ифодагари таҳаввул ба беҳӣ нест. Ин тағйироти куллиест, ки ба инсон тантанаи ҳаёт ва баракати рӯзгорро (муқ. Юҳанно, 10, 10) ҳам дар ҳузури кунунӣ дар рӯи замин, ҳам дар охират, ато мефармояд.

Ва иди Фасҳи (Писҳои) Муқаддас бароямон кӯмак менамояд, то робитаи ногусастаниро на танҳо бо воқеоти дуҳазорсолаи пешина, балки бо тантанаи ояндаи «адолати ҷовидонӣ» эҳсос намоем (Дон. 9, 24), ки «Худо кулл дар кулл» хоҳад буд (1Қӯр. 15, 28). Мо, таъмиқи «сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо»-ро (ниг.: Рум. 11, 33), ки Офаридгори Сахӣ инсониятро ба сӯи наҷот мебарад, дарк карда, дидани татбиқи мақсади Офаридгорро дар таърихи башарӣ меомӯзем.

Лаёқати назар афкандан ба таърих дар партави Растохези Масеҳ дар даврони кунунӣ - дар даврони бартарияти чашмандози навин ба олам, ки талошу кӯшишҳои инсон бо гирифториҳои лаҳзаина маҳдуд гаштааст ва вақти зудгузар муосирони моро маҷбур менамояд фаромӯш кунанд, ки «рӯзҳо шарир аст» (Эф. 5, 16), аҳамияти бештареро касб мекунад. Мо бо навгониҳо, эҳтиросот ва ташвишҳои якрӯза зиста, мехоҳем нуктаи аз ҳама асосӣ- наҷоти рӯҳ, Пешаи Худовандӣ, хайру камолотро аз ёд бибарем.

Растохези Масеҳ ба ҳамаи мо имкон медиҳад аз ташвишҳои рӯзгор болотар бошем, то бузургии ҳаққонии муҳаббати Худовандро бубинем, ки ба хотири рифоҳи инсон ҳатто то салиб ва марг худро поин гирифт. Аз ин рӯ бароямон муҳим аст, дарк намоем, ки Парвардигор бо Растохези худ, тақвияти нерӯи ботиниро ба ҳар масеҳӣ дар хидматаш ба Калисо, кишвар, ҷомеа, хонавода ва пайвандон ато фармуда, табиати инсониро таҷдид менамояд.

Мушкилоти зиёде бар дӯши ҳам инсони оддӣ ва ҳам кулли мардумон афтодааст: одамон имрӯз дар тамоми олам аз душманӣ, ҷангҳо, бенавоӣ, бемориҳо, танҳоӣ, нобасомониҳои зиндагӣ азият мекашанд. Дунё дар ҷустуҷӯи ҳаёти беҳтар такопӯ дорад ва аз пайдо кардани посух ба саволҳои худ дар бораи фановариҳои сиёсӣ ё дастуроти иқтисодӣ аз руӣ мантиқи инсонӣ навмед гардидааст. Калисо ва худи таърих гувоҳӣ медиҳанд: бо Каломи Худованд бояд зист. Онгоҳ дар партави Растохези Масеҳ бароямон маънии рӯйдодҳо ошкор мегардад, ва мо қобили посух додан ба хатарноктарин ситезаҷуиҳои замони муосир хоҳем шуд.

Бигзор Наҷотдиҳандаи Эҳёшуда нияти қавии ба аҳкоми ӯ пайравӣ карданро дар ҷони мо барангезад!

Хушнудии тантанаи кунуниро бо ҳам хоҳем дид! Ба қалби онҳое гармӣ мебахшем, ки имрӯз азият мекашанд ва ба маҳрумият рӯбарӯ гардидаанд.

Бо дуруди иди Фасҳ (Писҳо) ба тамоми одамон, ҳам ба касони дур ва ҳам наздик руҷӯъ мекунем. Ба хотири шукуфоии кишваре, ки дар он мо зиндагӣ мекунем, бидуни коҳилӣ заҳмат хоҳем кашид.

Ба даргоҳи Худованд дар бораи эҳдо намудани ҳаёти осуда ва масъуд барои мо дуъоҳои пурҳарорат арҷ мегузорам. Бигзор Ӯ ба Калисои Худ барои хидмати ғайратмандона ба манфиати маънавии мардумони файзёфтаи Ӯ имдод ва қувватро ато фармояд, то имон, умед ва муҳаббатамон афзун гардад.

Муҷаддадан ба Шумо аз самими қалби худ нидои мутантани шодии иди Фасҳро (Писҳоро) дар бораи Худованд, ки маргро ба зери по ниҳода, бо Худ тамоми башариятро эҳё бахшид, мерасонам:

Масеҳ эҳё шуд!

Барҳақ эҳё шуд Масеҳ!

УСҚУФИ АЪЗАМИ (ПАТРИАРХИ) МАСКАВ ВА ТАМОМИ РУС

Маскав

Фасҳи (писҳои) Масеҳ,

Соли 2010.

Share:
His Holiness Patriarch Kirill addressed the blatant examples of pressure on the Ukrainian Orthodox Church

27.04.2024

His Holiness Patriarch Kirill hosts a regular session of the Supreme Church Council.

16.04.2024

Patriarch Kirill met with the DECR Chairman and the Patriarchal Exarch of Western Europe

09.04.2024

His Holiness Patriarch Kirill celebrates moleben in Donskoy Monastery at the shrine with St. Tikhon’s relics

07.04.2024

Patriarch Kirill celebrates at the Annunciation Cathedral of the Moscow Kremlin on the Feast of the Annunciation

07.04.2024

His Holiness Patriarch Kirill celebrates All-night Vigil at the Cathedral of Christ the Savior on the eve of the Feast of the Annunciation

06.04.2024

His Holiness Patriarch Kirill meets with Metropolitan Constantine of Zaraisk

04.04.2024

Metropolitan of All America and Canada Tikhon extends condolences for victims of terrorist attack in Krasnogorsk

25.03.2024

Address by His Holiness Patriarch Kirill on the 25th anniversary of the start of NATO aggression against Yugoslavia

24.03.2024

The Primates of the Russian and Serbian Orthodox Churches head the Divine Liturgy and take the funeral for the bishop of Moravica Anthony at the Christ the Saviour Cathedral in Moscow

16.03.2024

His Holiness Patriarch Kirill meets with the primate of the Serbian Orthodox Church

15.03.2024

Congratulations of His Holiness Patriarch Kirill to the President of Turkey on his 70th birthday

26.02.2024

His Holiness Patriarch Kirill's condolences in connection with the murder of the monks of the Ziquala Abo Monastery in Ethiopia

24.02.2024

Address by His Holiness Patriarch Kirill at the XII Christmas Parliamentary Meetings at the Federation Council of the Russian Federation

23.01.2024

His Holiness Patriarch Kirill: Patriarch of Constantinople is not a free man

07.01.2024

Metropolitan Hilarion: Many things in a person's life depend on faith

29.08.2021

Metropolitan Hilarion: The Holy Spirit is the main treasure of the Christian soul

01.08.2021

Metropolitan Hilarion: Holiness is a constant striving to imitate the Lord Jesus Christ

27.06.2021

Metropolitan Hilarion: God does not want to condemn, but to save us

07.03.2021

Metropolitan Hilarion: The Lord always grants to us the opportunity to display our talents

24.01.2021

Metropolitan Hilarion: The Lord has imbued the waters of Jordan with his divine presence to wash away human sins

19.01.2021

Metropolitan Hilarion: to repent means to change your way of life

17.01.2021

On commemoration day of St. Catherine, Metropolitan Hilarion of Volokolamsk officiated at the Church of St. Catherine the Great Martyr In-the-Fields  the representation of the Orthodox Church in America

07.12.2020

Metropolitan Hilarion: We can always show compassion for people

29.11.2020

Metropolitan Hilarion celebrates on commemoration day of St. Varlaam of Khutyn at the church of ‘Joy to All the Afflicted’ icon of the Mother of God

19.11.2020

Metropolitan Hilarion: We should remember that the life of each human being is in the hands of God

06.11.2020

Metropolitan Hilarion: For God there is nothing impossible

25.10.2020

Metropoplitan Hilarion: The cross which was an instrument of dishonourable execution becomes the symbol of salvation for millions of people

27.09.2020

Metropolitan Hilarion: Eucharist is the wedding feast, to which Lord Jesus Christ invites each of us

13.09.2020

Metropolitan Hilarion: Faith alone is not enough for salvation

30.08.2020

Page is available in the following languages
Feedback

Fields marked by * are mandatory required

Send a message
Рус Укр Eng Deu Ελλ Fra Ita Бълг ქარ Срп Rom عرب